Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти он ки воситаҳои қарздиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи давлатҳо пайваста такмил дода мешаванд, мо ба дастгирии Хазина дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои таҳкими муқовимат ба амалҳои беруна, аз ҷумла омодагӣ ба тағйирёбии иқлим ниёз дорем. Чунин гуфт муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли.
Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки Ҳоким Холиқзода ба муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли барои ҳамкории бисёрсолаву пурсамар ва дастгирии доимӣ дар ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин тасдиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument), ки дар беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ нақши муассир дорад, изҳори сипос намуд.
Гуфта шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва мақсадноки ислоҳоти Барнома аз сари вақт расонидани кумаки техникӣ ва машваратии дар доираи ин барномаи пешбинишуда вобастагӣ дорад.
Ҷониби Тоҷикистон мусоидати Хазинаи Байналмилалии Асъорро дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори инсонӣ тавассути Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Минтақаи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон қобили қабул донист.
Муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли омодагияшро ба муколама ва ҳамкории судманд баён намуда, аз дастовардҳое, ки имрӯз Тоҷикистон ноил гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






