Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Тошканд ба номи Ислом Каримов, Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Намангон, Донишкадаи мошинсозии Андиҷон ва Донишкадаи технологияи химиявии шаҳри Тошканд шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд.
Шартномаҳои ҳамкорӣ дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, ба имзо расиданд. Дар доираи форум байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат якчанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ бо донишкадаву донишгоҳҳои олии мамлакатҳои дӯст барои муассисаҳои олии ҷумҳурӣ хеле муҳим буда, ба рушди соҳа ва тақвияти корҳо мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, ин ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои баланд ва ҳамчунин дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 45 муассисаи олии таълимии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва мамлакатҳои Аврупо созишномаи ҳамкорӣ дорад. Ин ба пешрафти кор, баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбияти донишҷӯён мусоидат менамояд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






