Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 35 нафар намоянда аз ҳисоби ҷавонони мамлакат бо фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои онҳо, пешниҳоди тавсияҳои зарурӣ барои пурра нишон додани неруи зеҳнӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар ҷомеа пеш гирифта шуд.
Зимни мулоқот ба ҷавонон самтҳои асосии фаъолияти Парлумон, аз ҷумла ваколатҳои асосии палатаи поёнӣ, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти вакилон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, инчунин хусусияти фаъолияти Парлумон бо такя ба қабулу татбиқи қонунҳо ва назорати иҷрои онҳо шарҳу эзоҳ дода шуд.
Ҳамзамон иштирокчиён бо ҷараёни кори кумита ва комиссияҳои доимии Маҷлиси намояндагон ва дастгоҳи он шинос шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






