Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи ангиоҷет дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташхису табобати бемории дил дастгоҳи нав ворид гардид, ки ангиоҷет ном дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Вазифаи асосии дастгоҳ аз он иборат аст, ки бе буриши бадани бемор, бе истифода аз беҳискунии умумӣ тавассути сӯрох намудани раги хунгард ба мавзеи басташудаи шараён рафта мерасад. Сипас, ба атрофи хунҳои лахташуда таҳти фишори ниҳоят баланд маҳлул фиристода мешавад.
Дар натиҷа хунҳои лахтае, ки шараёнро бастаанд, мулоим шуда, тавассути сӯрохи дигар бо истифода аз фишори манфие, ки ин дастгоҳ доро мебошад, кашида гирифта шуда, дар натиҷа раги хунгард барқарор мешавад.
Дастрас гардидани чунин дастгоҳи муосир бори дигар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дарак дода, ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳоро боз ҳам осонтар мегардонад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






