Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд

Апрель 18, 2024 14:17

ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Узбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Шартномаҳои ҳамкорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистан дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи форум дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд бо иштироки намояндагони 17 донишгоҳи Тоҷикистон ва 28 донишгоҳи Узбекистон якчанд шартномаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат баста шуданд.

Ҳадаф аз баргузории форум таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат бо мақсади рушди соҳаи маориф, илм ва инноватсия, ҳамгироии барномаҳои гуногунсамти таълимӣ ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Апрель 18, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст