БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар мавзуи таъмин ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон аз ҷониби меҳмонхона, тарабхона ва осоишгоҳу табобатгоҳҳо ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, осоишгоҳҳу табобатгоҳҳо, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ассотсиатсияҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодшуда дар ин самт, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи мамлакат корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, дар чорабиниҳои сатҳи байналмилӣ иштирок карда, ба ин васила барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешем.
Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадори мамлакат арзёбӣ гардида, он дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси тавлид гардидани ҷойҳои кории нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад.
Дар ҷамъомад аз ҷониби шуъбаи милитсияи сайёҳӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ бобати назорати қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сафар ба мавзеъҳои кӯҳӣ, ҳангоми мушоҳидаи мушкилот саривақт хабардор намудани масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.
Бо мақсади самаранок ва босифат татбиқ намудани қонуну қарорҳои соҳавӣ, ҷалби сармоя ва бунёди инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯй, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, дар мавзеъҳои истироҳатӣ фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо, бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии мамлкат дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ ва истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои грантии соҳавӣ аз ҷониби намояндагони дигар субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ суҳбати фарогир доир шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ як қатор ширкатҳои фаъол, ки дар татбиқи сиёсати сайёҳии мамлакат ва баргузории чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалии Кумита саҳми арзанда мегузоранд, бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






