Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба мустаҳкам намудани робитаҳои судманд, ташкили иштироки олимони тоҷик барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва хондани маърузаҳо дар Академияи илмҳои Чин ва табодули таҷриба байни онҳо, ҳамзамон иштироки олимони ҷавони тоҷик дар лагерҳои тобистонаи таҳқиқотӣ ва мусоидат дар таҳсили донишҷӯёни тоҷик тавассути стипендияҳои ANSO, TWAS табодули афкор намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳо доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти академия маълумоти мушаххас дод.
Таъкид шуд, ки ҳамкории судманд бо Академияи илмҳои Чин густариш ёфта, соли 2014 байни академияҳо созишнома ба имзо расид. Дар доираи ин созишнома соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки нахустин муассисаи илмии муштараки Тоҷикистон ва Чин мебошад.
Муассисони ин марказ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи экология ва ҷуғрофиёи Шинҷони Академияи илмҳои Чин мебошанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






