Дар Боку Форуми VI умумиҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ баргузор мешавад

Апрель 14, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 май дар шаҳри Боку таҳти унвони «Муколама барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ: ҳамкорӣ ва амали мутақобила» Форуми VI умумиҷаҳонии муколамаи фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Мавзуи форум «Муколама барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ: ҳамкорӣ ва амали мутақобила» мебошад. Форум барои созмонҳои байналмилалӣ, пешвоёни бузург ва олимони муҳтарам баҳри иштирок дар мубоҳисаҳои пурмазмун оид ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, ки аз ҳудуди миллӣ берун мебароянд, ҳамчун заминаи беназир ва арзишманд хизмат менамояд. Мавзуи имсола нақши муҳими ҳусни тафоҳум ва талошҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мураккаби ҷаҳонӣ, амнияти ҷаҳонӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таъкид менамояд.

Давоми се рӯзи форум намояндагон имкон доранд, ки дар мубоҳисаҳои сатҳи баланд бо коршиносони маъруф ва шахсиятҳои барҷаста иштирок кунанд, роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳониро якҷоя ҷустуҷӯ ва робитаҳоро бо ҳамкасбони байналмилалӣ аз доираю ташкилоти гуногун барқарор намоянд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Апрель 14, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ