Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт

Апрель 24, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Бинои иловагӣ бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта мешавад. Он аз ду ошёна- ошёнаи якум бо фарогирии 5 синфхона бо 250 ҷойи нишаст дар ду баст ва утоқи корӣ барои роҳбарияти муассиса иборат буда, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст бунёд мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор дар саҳни муассиса бо омӯзгорон ва пирони рӯзгор – шахсони муътабари деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод  суҳбат намуда,  онҳоро ба тарбияи фарзандони донишманду хушахлоқ ва соҳибкасб, ки оянда тавонанд содиқонаю софдилона ба манфиату пешрафти давлату миллат ва ободии Ватан хизмат намоянд, ҳидоят кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 24, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд