Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид

Апрель 29, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2024 оид ба футбол байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба анҷом расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 5 дастаи занонаи минтақа иштирок намуданд. Медалҳои тиллоро футболбозони эронӣ, ки бо се пирӯзӣ ва як мусовӣ 10 имтиёз ба даст оварданд, соҳиб шуданд. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Узбекистон шуд (9 имтиёз). Барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2024 дастаи мунтахаби Қирғизистон (7 имтиёз) гардид.

Дастаи занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов бо се имтиёз дар ин мусобиқа мақоми чаҳорумро касб намуд.  Дастаи мунтахаби Туркманистон бе хол дар зинаи охирин қарор гирифт.

Пас аз ҷамъбасти мусобиқот ҷоизаи махсус насиби дастаи занонаи Тоҷикистон шуд.

Дастаи Туркманистон ҷоизаи «Fair Play» гирифт. Нишонзани беҳтарини мусобиқот бозигари тими миллии Узбекистон Шаҳноза Деканбоева шуд, ки муаллифи 8 гол гардид.

Муфидтарин бозигари чемпионати CAFA-2024 Сумая Исмоилӣ аз тими миллии занонаи Эрон эътироф шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Апрель 29, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд