Дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиёну соҳибкорони Турманистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки форуми тиҷоратӣ дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман- Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар қисмати ифтитоҳи форуми тиҷоратӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Раиси Иттифоқи саноатчиёну соҳибкорони Туркманистон Нокергул Атагулиев изҳор доштанд, ки баргузории чунин ҳамоиш байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар густариши ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду давлат ва таҳкими робитаҳои иқтисодии тарафайн нақши назаррас мегузорад.
Дар ҷараёни форуми тиҷоратӣ ҳамзамон имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои иқтисодиву саноатӣ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми форуми тиҷоратӣ панҷ созишномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Аз ҷумла, корхонаи инфиродии «Полат докма ва савдо» бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе», соҳибкор Мерет Мередсов бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Идрис», корхонаи инфиродии «Тоҷир ёли» бо соҳибкор Шуҳрат Назаров, Ҷамъияти хоҷагидории «Хасар» бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи хуршед» ва соҳибкор Раҳим Бегҷанов бо ширкати «Ёқут 2000» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






