Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Апрель 20, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вохӯрӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии содирот баргузор шуда, дар кори он намояндагони ниҳодҳои пешбарандаи содироти Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва коршиносони байналмилаливу миллӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонии содирот ва баррасии масъалаҳо вобаста ба роҳҳои беҳтар намудани инфрасохтори мусоиди савдо барои таъмини устувории ташаббусҳои рушди содирот дар минтақа буд.

Дар вохӯрӣ  оид ба мушкилоти ҷойдошта байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти содироти молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, роҳҳои ҳалли онҳо, истифодаи иқтидору имконияти мамлакатҳо барои дар марҳилаи аввал таъмин намудани бозорҳои дохилӣ ва сипас содироти молу маҳсулот ба мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон, интиқоли бемамониати маҳсулоти зудвайроншаванда, эътирофи тарафайни ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии содиротӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тавассути равзанаи ягона, бастани шартномаҳои кафолатнок байни субъектҳои содироткунандаи давлатҳо гуфта шуд.

Иброз гардид, ки моро зарур аст дар якҷоягӣ имконияти васеи ҷойдоштаи содиротии минтақаамонро рушд дода, барои мамлакатҳоямон фазои мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварем.

Дар ҳошияи вохӯрӣ иштирокдорон мавзуъҳои «Дастрасӣ ба маблағгузории савдо барои афзоиши содирот», «Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонии содирот», «Тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ ба содиркунандагон», «Қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба дастгирии содирот», «Барномаи суръатбахшии тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ», «Кумаки молиявӣ дар байни соҳибкории хурду миёна», «Бозорҳои нав, воқеияти нав: Ховари Миёна ва Иттиҳоди Аврупо» ва «Модели ҳамкории институтҳои миллӣ ва байналмилалии рушди содирот»-ро  баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи вохӯрӣ мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сохторҳои масъули  содироти  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон доир гардид. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, корхонаҳои муштарак барои харид, захира, банду баст ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагони минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар интиҳо ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки лоиҳаи стратегияи рушди содироти байни мамлакатҳои Осиёи Марказиро таҳия ва ба тасвиб расонанд.

Инчунин меҳмонон бо шароити корӣ ва иқтидори истеҳсолии  корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёма» шинос шуданд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд