Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вохӯрӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии содирот баргузор шуда, дар кори он намояндагони ниҳодҳои пешбарандаи содироти Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва коршиносони байналмилаливу миллӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонии содирот ва баррасии масъалаҳо вобаста ба роҳҳои беҳтар намудани инфрасохтори мусоиди савдо барои таъмини устувории ташаббусҳои рушди содирот дар минтақа буд.
Дар вохӯрӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти содироти молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, роҳҳои ҳалли онҳо, истифодаи иқтидору имконияти мамлакатҳо барои дар марҳилаи аввал таъмин намудани бозорҳои дохилӣ ва сипас содироти молу маҳсулот ба мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон, интиқоли бемамониати маҳсулоти зудвайроншаванда, эътирофи тарафайни ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии содиротӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тавассути равзанаи ягона, бастани шартномаҳои кафолатнок байни субъектҳои содироткунандаи давлатҳо гуфта шуд.
Иброз гардид, ки моро зарур аст дар якҷоягӣ имконияти васеи ҷойдоштаи содиротии минтақаамонро рушд дода, барои мамлакатҳоямон фазои мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварем.
Дар ҳошияи вохӯрӣ иштирокдорон мавзуъҳои «Дастрасӣ ба маблағгузории савдо барои афзоиши содирот», «Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонии содирот», «Тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ ба содиркунандагон», «Қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба дастгирии содирот», «Барномаи суръатбахшии тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ», «Кумаки молиявӣ дар байни соҳибкории хурду миёна», «Бозорҳои нав, воқеияти нав: Ховари Миёна ва Иттиҳоди Аврупо» ва «Модели ҳамкории институтҳои миллӣ ва байналмилалии рушди содирот»-ро баррасӣ намуданд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сохторҳои масъули содироти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон доир гардид. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, корхонаҳои муштарак барои харид, захира, банду баст ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагони минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар интиҳо ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки лоиҳаи стратегияи рушди содироти байни мамлакатҳои Осиёи Марказиро таҳия ва ба тасвиб расонанд.
Инчунин меҳмонон бо шароити корӣ ва иқтидори истеҳсолии корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёма» шинос шуданд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






