Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
СУҒД, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Нишони давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ҷавонони шаҳри Истаравшан ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳр омада, иброз доштанд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандияшонро дар назди давлату миллат иҷро намоянд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода изҳор намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромиву осмони мусаффои Тоҷикистон ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шуҳратёрашон, бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран барои ба сафҳои Артиши миллӣ ҷалб гардидан омода мебошанд. Зеро маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон обутоб ёфта, ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд.
Дар ҳамоиш раисони ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ҷавкандак, Қалъаи Баланд ва кумитаи маҳаллаҳои «Курушкада», «Имоми Аъзам», «Дилшоди Барно», ки дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро намуданд, бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби модарон анъанаи нонгазон баргузор гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд






