Дар корхонаҳои саноатии Бадахшон имсол ба маблағи қариб 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст

Апрель 21, 2024 14:19

ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаву коргоҳҳои саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се моҳи соли 2024  дар ҳаҷми қариб  40 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  6,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 

Назар ба иттилои сардори Сарраёсати омори Бадахшон Хушқадам Одинеков, суръати рушди соҳаи саноат дар вилоят дар семоҳаи якуми соли 2024 дар сатҳи 118,4 фоиз таъмин гардид.

Гуфта мешавад, ки омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати коркард дар сатҳи 140,8 фоиз ба амал омадааст. Дар давраи сипаришуда ҳаҷми гардиши савдо дар вилоят 58 миллиону 445,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 1,7 фоиз ё ба маблағи 5 миллиону 322 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасон 37 миллиону 772,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 5,9 фоиз зиёд аст.

Бо назардошти Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 ба ин масъала дар вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки соҳаи саноат дар вилоят сол то сол рушд намуда, дар ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, яъне афзун намудани ҷойи кор ва ба маротиб баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

АКС: Агентии омори назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 21, 2024 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд