Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид

Апрель 13, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон коргоҳи дуюми корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Ин иқдом бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот иброз гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» 8 феврали соли 2022 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эҳром Акрамов кушода шуд. Ин ҷамъият дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон ҷойгир аст, масоҳати умумии марҳилаи якуми ҷамъият 4600,0 метри мураббаъ буда, марҳилаи дуюм 1200,0 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Фаъолияти асосии ҷамъият истеҳсоли мехҳои печон буда, андозаи аз 16 то 80 миллиметрро дар бар мегирад.

Иқтидори солонаи корхона оғоз аз 180 килограмм мехҳои печони гуногунҳаҷм мебошад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, ашёи хом аз Русия ворид мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 13, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд