Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
Дар ҷаласа доир ба ҷараёни амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 дар вилояти Хатлон, дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар шаҳри Норак ибрози назар гардид.
Аъзои Шуро гузоришҳои масъулини Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи вилоят, намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи корӣ, саҳми Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзуи ҷаласа шуниданд.
АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






