Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Озарбойҷон, Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла дар таҷриба истифодабарии пломбаҳои навигатсионӣ барои пайгирии ҳамлу нақл, Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба содагардонии ҳамлу нақли транзитӣ, рушди ҳамкории транзитӣ баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд.
Инчунин лоиҳаи Протокол оид ба ташкили портали транзитии хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва илова бар ин, рафти мувофиқа кардани се лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби Шуро таҳия карда мешаванд, баррасӣ ва мувофиқа шуданд.

Роҳбари Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иҷрокунандаи вазифаи сардори Хадамоти федералии гумрук Руслан Давидовро интихоб намуда, котиби он сардори Раёсати ҳамкории гумрукии Хадамоти федералии гумрук Д.Субочев таъйин гардид.
Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2024 ҷаласаи навбатии 79-уми Шуро дар Владивостоки Федератсияи Русия баргузор карда шавад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






