Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Апрель 26, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли ма­ҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 миллиарду 84 миллион сомонӣ ра­сонида шуда, суръати афз­оиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалк­унанда 106 фоиз таъм­ин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои ас­осии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 91 ҳазору 202 тонна орд, 1745 тонна рав­ғани растанӣ, 12 ҳаз­ору 149 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 3 миллиону 323 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 3 миллиону 557 ҳазор декалитр нӯшоки­ҳои беспирт ва 3 миллиону 348 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои мев­аю сабзавот истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзои­ши истеҳсоли орд 122 фоиз, равғани раста­нӣ 103 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 140 фоиз, консерваҳо 2 баробар, нӯшокиҳои бе с­пирт 1,6 баробар ва консерваҳои меваю сабзавот 2 баробар таъмин гардидааст.

Дар моҳҳои январ-мар­ти соли 2024 ба миқд­ори 303 ҳазор тонна семент ва 226 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.

Дар вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии То­ҷикистон соли 20­24 ба истифода додани 140 корхонаву корг­оҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 800 ҷойи на­ви кор пешбинӣ гард­идааст. Дар натиҷаи тад­бирҳои андешида давоми се моҳи соли 2024 дар миқёси вило­ят 39 корхонаву корг­оҳи нав бо 246 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. Ко­рхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, ба таъмини бозори до­хилӣ бо маҳсулоти ис­теҳсоли ватанӣ ва во­ридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Дар моҳҳои январ-мар­ти соли 2024 дар шаҳ­ру ноҳияҳои вилоят 3 коргоҳи дӯзандагӣ бо 27 ҷойи нави кор ва 1 корхонаи истеҳс­оли пойафзол бо 46 ҷойи кор таъсис дода шуд.

Дар корхонаю коргоҳҳ­ои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маб­лағи 59 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шу­дааст. Ҳамзамон дар ин давра 31 ҳазору 20 адад либоси макта­бӣ ба маблағи 1 миллиону 765 ҳазор сомонӣ дӯ­хта шудааст.

Дар вилояти Суғд 12 корхон­аи пойафзолдӯзӣ фаъо­лият намуда, моҳҳои январ-ма­рти имсол истеҳс­оли пойафзол ба 61 ҳазор ҷуфт баробар шу­дааст.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 26, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд