Дар Женева ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел таҳти ҳамоҳангии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева ва бо иштироки давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷорабинии идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Шараф Шерализода ҳамчун ҳамоҳангсози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар соли 2024 иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф ҳозирини чорабиниро ба муносибати Иди Наврӯз табрик намуда, таърих ва аҳаммияти ин ҷашни ниёгонро барои эҳё ва ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон ва минтақаи Наврӯз иброз намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






