Эмомалӣ Раҳмон: «Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик ба даст омадаанд»

Апрель 13, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи Хуҷанд яке аз калонтарин қалъаҳои дорои таърихи дерина ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Ин қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз мелод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд иброз доштанд.

«Имрӯз ҳар фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавононро зарур аст, ки аз таърихи бостониву пурифтихори халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ огоҳ бошанд ва бо он ифтихор намоянд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостониамон иқдоми шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.

«Мо арзишҳои деринаи таърихӣ, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардуми куҳанбунёдамон рушд дода истодаем. Мояи ифтихор аст, ки танҳо соли 2023 мо тавонистем 12 иншооти таърихиву фарҳангии тоҷиконро ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид созем» -тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки дар машварати ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии ёдгориҳои Шоҳроҳи абрешим», ки соли 2019 доир гардида буд, 6 ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Суғд, аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд барои силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи абрешим: гузаргоҳи Фарғона – Сирдарё» ба Феҳристи пешакии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО номнавис гардид. Навсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 13, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид