Эмомалӣ Раҳмон: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти ҷомеа ва ҳифзи суботу оромӣ тамоми тадбирҳоро меандешад»
ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳо ба хотири таъмин намудани амнияти ҷомеа, ҳифзи суботу оромӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муҳайё кардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум аз тамоми фишангу воситаҳо истифода мебарад.
Вобаста ба ин Сарвари давлат бори дигар ба падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиёи мамлакат ва фаъолони ҷомеа муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ин масъалаҳо бетарафию дурӯягӣ зоҳир накунанд, ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд, бо фарзандонашон дар ҳар ҷое, ки бошанд, робита дошта бошанд ва онҳоро ҳамеша ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд.
«Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардумамон эътибори ҷиддӣ диҳем, дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат зиндагӣ ва фаъолият карданро омӯзем ва риояи муқаррароти қонунро ба одати ҳатмӣ ва ҳаррӯзаамон табдил диҳем», — изҳор намуданд Пешвои миллат.
АКС аз бойгонӣ








Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид






