Гурӯҳи аввалини ҷавонписарони ноҳияи Айнӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардид

Апрель 3, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Айнӣ- родмардони ватандӯсту шуҷоатманд ба таври ихтиёрӣ, бо амри дилу виҷдон ба хизмати Ватан- Модар  рафт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба ин муносибат дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Гуфта шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006» ҷавонони шуҷои ноҳия ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат даъват шудаанд.

Изҳори боварӣ шуд, ки ҷавонони шуҷои ноҳия бо хизмати бошараф дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳм гузошта, зимни иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оинномаҳои хизматӣ манфиатҳои сиёсӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро сарбаландона ҳимоят менамоянд.

Дар ҳамоиш ҷавони даъватшуда Фаррухрӯз Боймуродов аз деҳаи Кантеи Ҷамоати деҳоти Фондарё ва падари даъватшаванда аз деҳаи Марғеби Ҷамоати деҳоти Анзоб Маҳкам Пиров сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат намудани хоки поки Тоҷикистонро ёд мегиранд.

Сипас ба ҷавононе, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд, дар фазои тантанавӣ Шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Ҳамчунин дар фарҷом анъанаи нонгазон ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 3, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид