ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ

Апрель 9, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлоли давлатӣ, ки ҳоло дар остонаи истиқболи 35-умин солгарди муборакаш дар ҷабҳаи бузурги ободонию созандагӣ қарор дорем, барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросими динию мазҳабии ҷумҳурии азизи мо заминаи устувори меъёрию ҳуқуқӣ муҳайё сохтааст. Соҳибихтиёрӣ ва фаъолияти мустақилона дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳирона ва рафтори эҳтиёткорона талаб менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги динӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҳангоми баргузории мулоқоти навбатӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ Пешвои миллат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир ба равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ, шаклгирии «сиёсати дугона» дар муносибат ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон манъшуда ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуданд.   

Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз бегонапарастӣ, тақлиди кӯркӯрона, худнамоӣ, исрофкорӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ биҷӯянд. Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти Конститутсия, қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад. Зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватан, ҳифзи марзу бум, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмӯи гуфтору рафтору кирдорамон некӯ нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва ҳамзамон осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бо нангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандиро дар пешгоҳи қудсияти бақои давлату миллат масъалат менамояд.

Сазовори гуфтан аст, ки хусусияти фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки олимону фақеҳони ҳавзаҳои илмӣ дар қаламрави давлати Сомониён тамоми анъанаҳои миллию фарҳангиро бо муқаррароти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ мӯшикофона мутобиқ намуданд. Амирони сомонӣ тавозуни беҳтарини давлат ва динро муайян намуда, тамоми тавонмандии арзишҳои диниро дар хидмати пойдории давлати миллӣ қарор доданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ бо баргузории маросими марбут ба иди Фитр ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллии тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Аслан фазилатҳои наҷиби ин моҳ пойдевори динӣ дошта, ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикастанафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат такя менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси тақводору тавонманд муқаррар кардааст. Дар суханронии Роҳбари давлат ҳам таъкид гардид, ки «моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад». Бовару эътиқоди мардумӣ маҳз дар ваҳдати гуфтору кирдор, ботину зоҳир ва бовару имон ифода меёбад, ки ҷамъбасти ҷавонмардонаи он бо дастгирии фитодагон ва ниёзмандон татбиқи амалӣ пайдо мекунад. Ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла ниёгони мо бар ин бовар буданд, ки давоми моҳи сиёму қиёму қироати Қуръон болидаруҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонии раияту сарварон дучанд мегардад. Ҳамин ҷиҳати масъала, яъне хайру эҳсон кардан ва одамияту инсондӯстӣ бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо кард ва дар матни дини нав тасдиқ намуд, ки рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз мавқеи баланди башардӯстӣ зоҳир мегардад. Чунин рафтори мусулмонони тоҷиктабор ҳатто дар он шароити асримиёнагӣ заминаҳои устуворе барои расидан ба баробарии иҷтимоӣ омода карда тавонист, силаи раҳм ва изҳори тараҳҳум дар байни ҳамдигарро тақвият бахшид. Воқеан, рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад. Дар ин моҳи имтиҳони илоҳӣ ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатҳо рафтан, ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд кумак расонидан аз ҷумлаи аъмоли хайрхоҳонаест, ки ҳар муъмину мусулмонро соҳиби савоби бештар мегардонад. Дар ҳақиқат, ба хотири гиромидошти боварҳо ва дарёфти хушнудии Худои Офаридгор ҳамаи мусулмонон, ба хусус шахсони тавонманд олиҳимматӣ зоҳир мекунанд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсондӯстона ва худоҷӯёна анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷонанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни шаҳрвандон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.

Аз ин ҷиҳат, тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳ ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро дучанд месозад. Дар матни рӯзгори мо додани ҳама гуна садақот дар ин моҳ, бешубҳа, яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни қишри мусулмонони ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.  Дар иртибот ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар ҳамин мулоқот бисёр ба маврид таъкид карданд, ки дар ояти 60-уми сураи «Тавба» ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз пайи касби рӯзии ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад. Бояд донист, ки ҳама гуна рафтори хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкоридошта дар ин масъала ҳикмати садақа доданро коста мегардонад.

Воқеан бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократию инсондӯстӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурии азизамон нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва тасарруфоти нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шавад.

Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, ки дар матни ояти каримаи зикршуда баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин оят комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурӯҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар китоби «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи баёни маъонии оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, валекин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ӯ дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин каси сахт эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳо маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағбаташон сарф намоянд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва дар қаламрави Аморати Бухоро масъулони андозро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон ва пайравони динҳои ғайриисломӣ, ба хусус шахсони бемору нотавони онҳо) шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегӯянд. Аз рӯйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба мамлакатҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб – бардагонеанд, ки барои озод шудан аз зиндону асорат ба маблағ эҳтиёҷ доранд. Шаҳрвандон ва занону кӯдаконе, ки бо ташаббуси Пешвои миллат аз асорати гурӯҳҳои ифротӣ озод шуда, ба ватан баргардонида шуданд, беҳтарин намунаи ҳамин намуди садақа дар роҳи ризо ва хушнудии Худо аст. Дар иртибот ба ин мавзӯъ Пешвои миллат дар суханрониашон чунин иброз намуданд: «Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас дар се соли охир тақрибан 400 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд, аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд»; 6. Ғорим шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор ва селу боришот молу мулк ва дороияшонро аз даст додаанд. Аксари ин қабил одамон баъди барқарор кардани вазъияташон метавонанд худашон садақа диҳанд; 7. Дар роҳи Худо садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомӯзанд ва баъди соҳибилм шудан дар мамлакатҳои мусулмонӣ кору фаъолият мекунанд; инчунин барои анҷом додани тамоми корҳои некӯ, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бино, корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷиду мактаб ва хароҷоти таълиму тарбияи мусулмонони арзандаро пардохт кардан амали дар роҳи Худо анҷомдода муқаррар кардаанд; 8. Ибни сабил мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон муваққатан ба маблағ (ба монанди донишҷӯёни дурафтода аз ҷойи зисти доимӣ ё ба сабаби таҳримҳо ва бемориҳои сироятӣ) ниёз доранд.

Хушбахтона, дар шароити кунунии ҷомеаи шаҳрвандии мо доир ба масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фарҳангсолории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амниятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати созгори маънавӣ падид омадааст. Мардуми мусулмони ҷумҳурӣ падидаи номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба мазҳабҳои бегонаро дуруст фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки ин қабил рафторҳо ба асолати фарҳангӣ ва давлатдории миллӣ зиён мерасонад. Ҳамовозии қишру табақаҳои гуногуни мамлакат ба масъалаҳои дар мулоқот баёншуда ва аллакай анҷом додани як миқдор чорабиниҳои судманд ҷиҳати ислоҳи онҳо далолат бар он мекунад, ки акнун роҳбарияту раият бар ин андеша бо ҳам омадаанд, ки хамирмояи равонӣ ва маънавии миллиро инчунин ваҳдати эътиқодии миллат низ ташаккул медиҳад. Ҳар қавме, ки ваҳдати эътиқодӣ надошта бошад, ҳанӯз ба дараҷаи миллат ташаккул ёфтани он зери шубҳа меафтад. Ва ҳар миллате, ки афроди он дар баробари бегонагон ваҳдати эътиқодии худро ҳифз карда наметавонад, мавҷудияти худро сахт зери хатар мегузорад.

Мардуми шарифи ҷумҳурӣ хуб медонанд, ки Пешвои муаззами миллат ҳар моҳи Рамазон шахсан ба ятимону барҷомондагон дасти кумак расонида, суннати мондагори мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамонро ҳадафмандона идомат мебахшанд. Беҳтар он бошад, ки ҳамаи мо ҳам ҳиммат бар ояндаи фаровону дурахшон бигуморем ва имрӯз хайру садақоти худро холисона ба бародарону хоҳарон ва хешони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон бирасонем, то хушнудию ризомандии Худованд насибамон гардад ва иди Фитр барои онҳо низ болидаруҳӣ биафзояд.

Файзулло БАРОТЗОДА,
 раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Апрель 9, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд