Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад

Апрель 29, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр бориши борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр бориши борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 29, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад