Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз ғарб бо шиддати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10, рӯзона 15-20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12, рӯзона 19-24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






