Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

Апрель 1, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз ғарб бо шиддати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10, рӯзона 15-20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12, рӯзона 19-24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе низ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 1, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар