ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБИ КӮДАКОН. Барои китобхон шудани шогирдону фарзандон аввал худамон бояд мутолиа намоем

Апрель 2, 2024 16:07

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон мебошад. Санаи баргузории ин рӯз тасодуфӣ  набуда, дар ин рӯз  афсонанависи  бузурги Дания Ҳанс Кристиан Андерсен таваллуд шудааст.  Ин ид маротибаи  аввал соли 1967 гузаронида шуда буд. Ин рӯз бо ташаббуси созмони «Шурои байналмилалии китобҳои кӯдакона» ташкил шуда, муассиси он нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони олмонӣ Йелла Лепман мебошад, ки қариб тамоми ҳаёташро ба адабиёти кӯдакон бахшидааст. Дар робита ба ин мавзуъ мухбири АМИТ «Ховар» бо омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» Фирӯз Розиқов дар мавриди ҷалби кӯдакону наврасон ба хондани китоб суҳбат намуд.

— Сарравал мегуфтед, ки оё имрӯз наврасону кӯдакон ба хондани китоб шавқу рағбат доранд ва бештар ба кадом адабиёт таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд?

— Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик, пеш аз ҳама, ҳамчун роҳбари сулҳовар, фарҳангсолору тамаддунофар ва китобдӯст шинохта шудаанд. Хушбахтона, давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ давлати мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду пешравиҳои зиёде ноил гардид. Ҳар иқдоме, ки аз тарафи Пешвои маҳбубамон пешниҳод мегардад, муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ин радиф мехоҳам махсусан ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ишорае намоям, ки бешак, аҳамияти умумибашарӣ дорад. Зеро ҳарчи башариат давоми таърих андешидаву анҷом додааст, дар китобҳо ҷамъоварӣ шудааст. Гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   нишонаи таваҷҷуҳи хосса доштани муҳтарам Президенти Тоҷикистон ба китоб аст.

Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат сабаби рушди соҳаи китобдорӣ гардидааст. Китобу китобдорӣ на танҳо дар тарбияи насли наврас, балки дар ислоҳпазирии иштибоҳи ҷавонон баҳри хушахлоқӣ ва пешгирии радикализми динӣ, рафторҳои ношоиста саҳми сазовор дорад. Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки туфайли озмун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат  таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ бамаротиб афзудааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки тавассути озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шавқу ҳаваси мардум нисбат ба китобу китобхонӣ дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле зиёд шудааст. Кӯдакон дар ин озмун нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа иштироки фаъол доранд. Кӯдакон бештар китобҳои ба синнашон мувофиқро мутолиа менамоянд. Асарҳои адибони бачагона аз он ҷиҳат ба хурдсолон писанд меояд, ки аксари нависандагон ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҳамсолони онҳоро қаламдод менамоянд.

— Чӣ тавр кӯдакон ва мактаббачагонро метавон ба хондани китоб талқин намуд? Шумо кадом усулро дар ин роҳ истифода менамоед?

 — Ҳар коре, ки аз рӯи хоҳишу шавқ анҷом дода мешавад, манфиаташ ҳам ба шахс ва ҳам ба ҷомеа бештар мерасад. Маҳз ин паҳлуҳоро ба инобат гирифта, падару модарон ва омӯзгорон бояд аз ҳар ҷиҳат шавқу рағбати фарзандону шогирдонашонро бедор намоянд. Мутаассифона, барои аксари волидайн хондани китоб як навъ машғулияти беҳудаву беҳосиле аст, ки дар он манфиате намебинанд. Ба ҳамин минвол, кӯдакон шавқу ҳаваси хондану омӯхтанро гум менамоянд, зеро як сухан ё рафтори бемулоҳиза метавонад шавқро коста гардонад. Нахустин коре, ки бояд волидон барои китобдӯст шудани фарзандонашон анҷом диҳанд, ин муносибати дӯстона намудан бо фарзанд мебошад. Ба кӯдак писанд аст, вақте ки волидон бо ӯ мисли ҳамсолонаш суҳбат менамоянд. Агар мехоҳем шогирдону фарзандонамон китобхон шаванд, нахуст бояд худамон китобхон шавем. Дар назди фарзандон китоб хонда, ба онҳо нишон додан лозим аст, ки китоб на танҳо барои омӯзиш, балки лаззатбахш ва оромкунандаи руҳу равон низ мебошад. Кӯдак бештар ба тақлид майл дорад. Омӯзгорро мебояд дар ҳар дарс дар бораи китобу китобхонӣ сухан гӯяд. Суҳбатҳо бояд якранду дилбазан набошанд ва донишомӯзро ҷалб намуда тавонанд, барояш муассиру дилпазир бошанд. Дар нахустдарсҳо порчае аз китобҳоро нақл намудан, ташкил намудани вохӯриҳо бо ғолибони озмун анъанаи таъсиргузор аст. Омӯзгорро зарур аст, ки дар вақтҳои холӣ китобҳои хондаашро такрор намояд. Ҳар чизе, ки аз донишомӯз мепурсад, пеш аз ҳама, худаш бояд аз он хабардор бошад.

Тавре медонем, Сарвари давлат ба таълиму тарбия ва хониши китоб байни наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳз барои оммавигардонии китобхонӣ гузаронида мешавад. Оё имрӯз хонандагони синфҳои ибтидоӣ барои иштирок дар чунин озмунҳо хоҳиш ва майлу рағбат доранд?

— Сараввал миннатдории худ ва тамоми иштирокчиёни озмунро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мерасонам. Зеро ба василаи ин озмун ҷомеа беш аз пеш ба китобхонӣ рӯ овард. Ҳамон роҳбаре норасоӣ ва камбудиҳои мардумро дарк менамояд, ки китобдӯсту китобхон бошад. Дар ин ҳошия бамаврид аст ба масъулину роҳбарият, ҳайати ҳакамони 4 даври озмун барои мусоидат ба шаффофияти озмун арзи сипос гӯям, чунки шукуҳ ва ҳисси эҳтиром ба ҳар озмун аз доварон вобастагӣ дорад. Ман панҷ сол мешавад, ки ҷараёни баргузории озмунро аз наздик мушоҳида намуда, мебинам, ки воқеан, шавқу рағбати мардум ба мутолиаи китоб нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардидааст. Гумон мекунам, ки Тоҷикистони азизамонро бо ин насли хирадманд ояндаи дурахшоне дар пеш аст.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кӯдакон иштироки  назаррас доранд, вале бо вуҷуди ин таманнои беш аз пеш зиёд шудани шумораи ин гурӯҳи иштирокчиёнро дорам. Агар дар даврони кӯдакию наврасӣ китоб хондан одати ҳамешагии фарзандонамон нашавад,  дар бузургсолӣ одамгурезу безабон мешаванд. Китоб инсонро комил менамояд, тарбият месозад ва ба ӯ неруву тавоноӣ мебахшад. Мехоҳам дигар гурӯҳи иштирокчиён низ дар ин озмун ширкати фаъолона дошта бошанд. Будани ҷомеаи китобхон барои ояндаи мамлакат бисёр муфид аст.

— Шумо ҳамчун узви ҳайати ҳакамони ин озмун бигӯед, ки барои мактаббачагон кадом адабиёт тавсия дода шудааст ва барои ғанӣ гардонидани ин рӯйхат чӣ пешниҳодҳо доред?

— Дар озмун китобҳои тавсиявӣ мутобиқ ба талаботи низомнома, номинатсия ва категорияи синну соли иштирокчиён пешниҳод мегарданд. Иштирокчиёни озмун ба 4 гурӯҳ ҷудо шудаанд: хонандагон; донишҷӯён; калонсолон; намояндагони касбу кори гуногун.

Рушди зеҳнӣ ва маънавиёти хонандагонро ба назар гирифта, соли 2023 (соли 5- уми озмун)  хонандагонро  ба 2 гурӯҳ ҷудо намуданд: синфҳои аз 1 то 4 ва синфҳои аз 5 то 11.

Имсол  дар бахши номинатсияи кӯдакон ва наврасон гурӯҳи хонандагон ба 3 гурӯҳ тақсим шуд: синфҳои аз 1 то 4; синфҳои аз 5 то 8; синфҳои аз 9 то 11.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи донишҷӯён низ ба чунин фарқгузорӣ ва гурӯҳбандӣ ниёз дорад.  Ба гурӯҳи донишҷӯён донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои олии касбӣ (донишгоҳҳо) ва ҳама зинаҳои илм (номзаду магистрант) дохил мешаванд. Беҳтар мебуд, ки солҳои минбаъда донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ (коллеҷҳо)-ро аз муассисаҳои олии касбӣ (донишгоҳҳо) ҷудо намуда, гурӯҳи дигаре созмон диҳанд, зеро аз  ҳар ҷиҳат донишгоҳҳо аз коллеҷҳо бартарӣ ва афзалият доранд.

— Дар бораи сатҳу сифати чопи китобҳои бадеӣ ва ё дарсӣ чӣ андеша доред?

— Дар масъалаи чопи китобҳои бадеӣ ҳаминро бояд гуфт, ки дар баъзе китобҳо тасвир ва лаҳзаҳои як асари бадеӣ аз китоби солҳои интишорашон гуногун фарқ менамояд. Ин фарқият метавонад боиси нофаҳмӣ дар байни довталаб ва ҳайати ҳакамон гардида, тақдири иштирокчиро ба нокомӣ бипайвандад. Масалан, ҳикояи “Ҳақиқати талх”- и Баҳром Фирӯз- дар як чопи китоб дар бораи тағои очааш суҳбат меравад, ки ӯро барои дар хонаашон нигоҳ доштани китоби кӯҳна ба ҳабс гирифта будаанд… Дар чопи дигари китоб ҳамин лаҳзааш оварда нашудааст. Фарз кардем, ки довар ин  саволро пешниҳод намояд, довталаби озмун дар ҳоле ба ин савол ҷавоб дода метавонад, ки ҳарду чопи китобро дошта ва мутолиа намуда бошад. Ҳол он ки доштану пайдо намудани як китоб барои баъзе иштирокчиёне, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагонӣ менамоянд, кори  душвор аст.

Дар китоби “Молхона”-и Ҷорҷ Оруэлл номи яке аз қаҳрамонҳои асосии асар, ки хук аст, дар ду китоб ба таври гуногун оварда шудааст. Аслан дар ин повест ду хуки роҳбалад мавҷуд аст, якеаш Наполеон, дигараш дар ҳар китоб ҳар хел. Дар тарҷумаи Лариса Георгиевна Беспалова номи хук Обвал гуфта шуда, ин китоб соли 2009 чоп шудааст. Дар тарҷумаи Илан Полоск номи он хук Сноуболл аст, ки ин китоб соли 1988 нашр гардидааст.

Бинобар ин пеш аз тавсияи адабиёт ба сифат ва мазмуну мундариҷаи китоб бояд аҳамияти ҷиддӣ дод.

— Шумо ҳамчун омӯзгор ба падару модарон барои ҷалб намудани кӯдакон ба китобхонӣ чӣ тавсия медиҳед?

— Волидону омӯзгоронро мебояд барои фарзандону шогирдон намунаи ибрат бошанд. Вақте падару модар соатҳои дароз аз телефон чашм намекананд, чӣ гуна метавонанд фарзандашонро ба кори дигаре, масалан китобхонӣ шавқманд намоянд? Беҳтар аст вақти бештарашонро бо фарзандон гузаронанд, ҳамроҳашон китоб хонанд, бозӣ ва сайругашт намоянд. Ба кӯдакон фаҳмонанд, ки барои амалӣ намудани ҳама орзую омол хондану омӯхтан муҳим аст. Хуллас, фарзандону шогирдонро бояд чунон тарбия намуд, ки китобхониро дӯст доранд.

— Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Апрель 2, 2024 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд
Доир ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид