Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Апрель 25, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ин омор нисбат ба соли 2022 25,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат истеҳсоли лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, профилҳои алюминий ва пластикӣ барои дару тиреза, рангубори сохтмонӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, дару тиреҳои чӯбин, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, мебел, маводи шустушӯӣ, металлоконструксия ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолгардида дар бозорҳои дохилӣ ва бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркия, Олмон ва Ироқ ба фурӯш бароварда шудаанд.

Соли 2023 дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат 16 субъекти нав сабти ном шуд, ки дар натиҷа барои 186 нафар ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Дар маҷмуъ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 96 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки аз ин 35 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 32 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 14 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 8 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва 5 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» мансуб мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 25, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд