«НАБЗИ РОҒУН». Таҳти ин унвон китоби кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба нашр расид

Апрель 28, 2024 11:01

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Набзи Роғун»-таҳти ин унвон китоби як гурӯҳ кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чоп шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар китоб мақолаҳо аз натиҷаи сафари кормандон ба кохи нури аср – НБО –и «Роғун» фароҳам омадаанд.

Мақолаҳо хислати публитсистиву оммавӣ дошта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти ташаббускор ва бунёдгари ин кохи нуру зиё дар бар гирифтаанд. Инчунин заҳмати шарафмандонаи бунёдгарони ин иншооти азими аср, ки дар синаи кӯҳ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида, баҳри фароҳам сохтани зиндагонии шоиста барои мардуми шарифи Тоҷикистон пайкор мекунанд, дар меҳвари онҳо қарор дорад.

Китоб бо дастгирии ректори донишгоҳ интишор гардида,  ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Апрель 28, 2024 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд