«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ ва рӯзгордории оилаҳо, солим, устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ баргузор гардид.
Инчунин баҳри баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» баргузор менамояд.
Озмун дар се давр гузаронида мешавад. Даври якуми он дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 27 апрели соли 2024 баргузор гардид.


Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 гузаронида мешавад.
Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз маросими ҷоизсупорӣ иборат буда, шанбеи дуюми моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин: ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳалли заст, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан-Модар ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян мегарданд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳо, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 мукофотонида шуда, ҳамзамон шахсони ташаббускоре, ки дар озмун иштироки фаолона доштанд, бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Озмун бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ баргузор мегардад.
Вобаста ба ин Кумита Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ намудааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад






