Озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» ҷамъбаст мешаванд

Апрель 11, 2024 10:11

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба  «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо иштироки меҳмонони сатҳи баланди дохилу хориҷи мамлакат 18-19 апрел озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» -ро ҷамъбаст  менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ 18 апрел, соати 08:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад.

Ҳамзамон 19 апрел, соати 18:00 дар Маҷмааи фарҳангии «Аҳорун» (Амфитеатр) даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрел дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар майдони «800- солагии Москва»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.

  АКС аз бойгонӣ

Апрель 11, 2024 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд