Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, пагоҳ, 3 апрел дар «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон аз 3 то 5 апрели соли 2024 бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат баргузор мегардад.
Тибқи барнома, Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо консерти устодони санъати Туркманистон баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.
Иштирокчиёни ин рӯзҳо 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.
АКС аз бойгонӣ








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






