Президенти Тоҷикистон: «Ба хотири муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллӣ сохтори алоҳидаи давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис додем»
ДУШАНБЕ, 12.04.2024/АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихор аст, ки танҳо дар соли 2023 мо тавонистем 12 иншооти таърихиву фарҳангии тоҷиконро ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намоем. Ин нукта 11 апрел дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд баён гардид.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО – яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд.
Сарвраи давлат таъкид намуданд, ки «минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифтани Соли нави аҷдодии мо – Наврӯз ва аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги башарӣ эътироф гардидани шашмақом, чакан, атласу адрас ва дигар осору арзишҳои тоҷикон имрӯз мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Бо дахли ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «ба хотири муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху тамаддуни тоҷикон, тармиму барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ мо дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳидаи давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис додем».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






