Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Департаменти омори Хазинаи Байналмилалии Асъор дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуд

Апрель 19, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Вашингтон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо ҳайати Департаменти омори Хазинаи Байналмилалии Асъор вохӯрии корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар қисмати низоми бонкӣ вобаста ба ҷамъоварию таҳлили маълумот, хусусан омори хориҷӣ, аз ҷумла тавозуни пардохт, мавқеи байналмилалии сармоягузорӣ ва маҷмуи қарзи беруна, омори бонкӣ, моделсозӣ ва пешгӯӣ, тақвияти иқтидори моделсозӣ ва пешгӯӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ, такмили омори пулӣ ва дар қисмати низоми молия масъалаҳои гузариш ба низоми GFS2014, такмили равандҳои буҷет ва ҳисобҳои миллӣ ибрози назар намуданд.

Дар анҷом ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд ба ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки  Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҷалби кумакҳои техникӣ барои расидан ба ҳадафҳои дар мулоқот гуфташуда мусоидат менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2725 то 9.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1183 сомонӣ муқаррар шудааст
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2000 то 9.2725 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1110 то 0.1193 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2000 то 9.2854 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.5474 сомонӣ муқаррар шудааст
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2100 то 9.2905 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1268 сомонӣ муқаррар шудааст