Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисодии мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, рақамикунонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои таъмини рушди иқтисодӣ дар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани, ки дар шаҳри Вашингтон доир гардид, баррасӣ шуданд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба вазъи макроиқтисодии мамлакат дар соли 2023 маълумот дода, гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони асосии таъмини рушди устувори Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас дорад.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили сохтмони иншооти бузурги стратегӣ – «Неругоҳи барқи обии Роғун», маблағгузории Тоҷикистон барои соли 2024 дар ин лоиҳа ва ҷалби маблағгузории алоҳида тавассути лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ, инчунин барои зиёд кардани захираҳои молиявӣ ва беҳтар шудани сифати сандуқи қарзии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






