«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид

Апрель 16, 2024 17:42

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 16 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш –фурӯши чакан баргузор  гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар намоиш-фурӯш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки «дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» имсол зарур шуморидем, ки намоиши ҳунармандону чакандӯзонро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ намуда, имкон фароҳам биёрем, то ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд. Ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунар ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гирифта шудааст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд,  ки ҳунарҳои мардумӣ аз байн нараванд ва баръакс эҳё гарданд».

Раиси Кумита ҳамзамон бо хушнудӣ ва изҳори қаноатмандӣ аз икдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуда, гуфт, ки дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт- Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ин созмони бонуфуз ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Ин нишони фарҳангу мероси пурғановат доштани миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.

Ҳамзамон мудири бахши иттилооти Кумита Сабоҳат Рустам иброз дошт, ки  Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши чаканро баргузор намуд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар мамлакат ҷашнвораҳои бошукуҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конференсияву симпозиумҳо ва дигар тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

«Баргузории намоиш-фурӯши чакан ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифӣ намудани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст»,-афзуд Сабоҳат Рустам.

Мақсади асосии баргузории ин намоиш-фурӯш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Гуфта шуд, ки намоиш-фурӯши чакан бори нахуст дар пойтахт баргузор гардид ва дар он либоси миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқиву ҷузвдонҳо, зару зевар, армуғон ва дигар маҳсулоти дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Тавассути густариш додани фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду тавсеаи корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, қадрдонӣ намудани меҳнати ҳунармандон, чеварон, дӯзандагон, тарроҳон, пос доштани анъанаву суннатҳои неки ниёгон, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, ривоҷу равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан, дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандон, чеварон, тарроҳон, сӯзанидӯзон, чакандӯзу гулдӯзон, дӯзандагон, қаламкашу наққошон амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки намоиш–фурӯши чакан дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе то 18 апрел идома меёбад.

София ШОИК,
Зоҳирҷони ТОИРЗОДА (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2024 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд