«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Ҳисор даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки меҳмонону сокинони шаҳр қабл аз оғози чорабинии асосӣ дар долонҳои Кохи фарҳанги шаҳр намунаҳои ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попуридӯзӣ ва сӯзанидӯзию кашидадӯзиро, ки чеварону ҳунармандон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба намоиш гузошта буданд, тамошо карданд.
Муовини Раиси шаҳри Ҳисор ғолибони Фестивалро табрик намуда, иброз дошт, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, ба таври васеъ намоиш додани дӯхти либосҳои миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани санъату ҳунари волои халқи тоҷик гузаронида мешавад.
Сипас, бо иштироки гулдухтарони чаканпӯш, донишҷӯён, шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ барномаи театрикунонидаи бахши фарҳанги шаҳр, ки бо завқи баланди зебоипарастӣ таҳия шуда буд, пешкаши иштирокдорон гардид.
Ба ғолибони фестивал ва иштирокдорони фаъол Сипосномаю туҳфаҳо тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Ҳисор








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






