Самтҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ муҳокима шуданд

Апрель 2, 2024 18:12

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  Исоҷон Қурбонзода дар ҳамоише, ки  дар мавзуи  «Технологияҳои навин ва пешрафтаи ширкатҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳои Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико» дар Амрико  доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон бо  бузургтарин озмоишгоҳи ташхиси маъданҳои кӯҳӣ-геологии «HAZEN», ки ба бахши истихроҷи маъданҳои Амрико хизмат мерасонад ва аз муассисаҳои асосии Хадамоти геологии Амрико (USGS), Маркази илмии геология, геофизика ва геохимия, Институти кӯҳкории  Колорадо шинос гардид. Дар доираи ёддоштҳои тафоҳуми байни ҳайати Тоҷикистон ва ширкатҳои соҳаи маъдани Амрико баимзорасида дар оянда таҷрибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Дар ҳошияи ҳамоиш мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо менеҷменти Фонди сармоягузории «Resource Capital Funds»,  муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кимберли Ҳаррингтон баргузор гардид.

Зимни он самтҳои ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки саноати Тоҷикистон ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Апрель 2, 2024 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид