СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд

Апрель 23, 2024 17:49

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 / АМИТ Ховар/. Тақрибан 800 ҳазор нафар дар шаҳри Ал — Фашири Судон дар зери «хатари фавқулода» қарор доранд, зеро таҳдид ва зӯроварӣ авҷ гирифта, он  «дар тамоми Дарфур хатари муборизаи хунини байниҷамъиятиро ба бор меорад». Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Шурои амният хабар додааст.

Як сол қабл дар Судон байни Артиши Судон ва Неруҳои амалиёти фаврӣ ҷанг сар зад ва бузургтарин буҳрони оворашавӣ дар ҷаҳонро ба вуҷуд овард.

Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки тақрибан 25 миллион нафар ё нисфи аҳолии Судон ба кумак ниёз дошта, тақрибан 8 миллион нафар хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Донорҳо ваъда додаанд, ки барои Судон беш аз 2 миллиард доллар ҷудо менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2024 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ