«СУКУТ ДАР КӮҲҲО». Лоиҳаи синамоии муштараки ин филм муҳокима гардид

Апрель 13, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, гурӯҳи эҷодии киностудияи «Лендок», мутасаддиёни вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи синамоии муштараки «Сукут дар кӯҳҳо», ки дар асоси Меморандуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Ҷамъияти саҳомии Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» наворбардорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Гурӯҳи эҷодии киностудияи «Лендок» дар ҳайати продюсер Алексей Телнов ва муҳаррир Серик Бейсеуов ба хотири такмилу таҳрири пурраи филмнома аз 10 то 14 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ иштирок карда, доир ба филмнома назару андешаҳояшонро иброз намуданд.

Хати сужа ва муҳтавои филмнома пурра тағйир дода шуда, бо назардошти манофеи миллӣ ва тақвият бахшидан ба намоди қаҳрамони асосии филм филмнома дар шакли нав омода ва ба Шурои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» пешниҳод карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан гурӯҳи эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» аз 25 феврал то 4 марти имсол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, якҷоя бо гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маконҳои наворбардорӣ дар Қалъаи Ҳисор, дараи Ромит, дараи Варзоб, обанбори Норак, ҷойҳои зебои шаҳри Душанберо дида, барои наворбардорӣ интихоб намуданд. Ҳамзамон дар толори Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ кастинги интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ баргузор карда шуд.

Таъкид гардид, ки саҳнаҳои филм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҶДММ «Кохи Наврӯз», боғҳои фарҳангии мамлакат наворбардорӣ мешаванд.

Дар давраи омодагӣ бо назардошти таклифу пешниҳоди мутахассисони соҳа филмнома пурра такмил дода шуда, ба талаботу шароити филмбардорӣ мутобиқ карда мешавад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Апрель 13, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид