ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 21, 2024 08:00

21 апрели соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.

***

21 апрели соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм»-ро ба имзо расониданд.

***

21 апрели соли 2005 корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии  «Сангтӯда-1» оғоз гардида, он соли 2009 ба истифода дода шуд.

 ***

21 апрели соли 2013 нахустин фестивал-намоишгоҳи коллексияҳои мошинҳо- «Авто-ретро Душанбе» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

*** 

21 апрели соли 2018  Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор шуд, ки дар он тақрибан 50 варзишгар аз 18 кишвари олам  иштирок намуд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шуруъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба Рӯзи пойтахт Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр мулоқот намуданд.

***

21 апрели соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии қисми 2 –юми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» доир гардид.

 ***

21 апрели соли 2022 Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии таҳқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид.

21 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии эҷодиёт ва  фаъолияти инноватсионӣ 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Баҳодур Миралибеков — соли 1950- ҳунарпеша, дорандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ

Апрель 21, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш