ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, якшанбе, 98-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 7, 2024 08:00

7 апрели соли 1978 ноҳияи Қабодиён (ҳозира Қубодиён) таъсис ёфтааст.

***

7 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе  ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон, ки дар самти саноати сабук фаъолият менамоянд, доир гардид. 

***

7 апрели соли 2008 дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, ки 20 ассотсиатсияи фаъоли ҷумҳуриро муттаҳид сохт, таъсис ёфт.

*** 

7 апрели соли  2021  дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дошт, паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш  ғолиб омада, сазовори медали нуқра гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ  намуданд.

***

7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд.

***

7 апрели соли 2022  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Кандакорӣ – ҷавҳари санъати ороишӣ-амалии ниёгон» намоиши асарҳои санъати кандакорӣ дар рӯйи чӯб оғоз гардида, то 25 апрел идома ёфт. Дар намоиш зиёда аз 50 осори кандакорӣ аз хазинаи тиллоии фонди Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2022  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 7 апрел таҷлил мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат  хизмати ройгон расонида шуд.

***

7 апрели соли 2023 дар Душанбе дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид.

7 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ.

***

Ҷашни модар ва зебоӣ дар Арманистон.

Апрель 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш