ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН. Он бо мақсади беҳтарсозии кор ва огоҳ будан аз мушкилоти мардум фаъол гардид

Апрель 4, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири беҳтарсозии кор ва огоҳ гардидан аз мушкилоти мардум телефони боварии Раиси вилояти Хатлон бо рақами (+992) 979 16 16 16 дар шабакаи Whatsapp (Вотсапп) фаъол  шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Шаҳрвандон метавонанд камбудиву мушкилоти ҷомеаро бевосита тариқи матн ва аксу навор ба ин рақам фиристанд.

Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилот масъулин вазифадор шуданд, ки барои ислоҳи он чораҷӯӣ намоянд. Инчунин аз натиҷаи баррасии муроҷиат ба шаҳрванд хабар расонида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 4, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид