«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон намоиши либосҳои миллӣ баргузор шуд

Апрель 7, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ҷалби донишҷӯдухтарон ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хабар доданд.

Ин иқдом бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сохторҳои дахлдори мамлакат бо таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ пеш гирифта мешавад.

Ҳадаф аз баргузории он- тарғиби либоси миллӣ аст, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 7, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд