«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон намоиши либосҳои миллӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ҷалби донишҷӯдухтарон ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин иқдом бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сохторҳои дахлдори мамлакат бо таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ пеш гирифта мешавад.
Ҳадаф аз баргузории он- тарғиби либоси миллӣ аст, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






