25 МАЙ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҷонибдорӣ аз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки минбаъд ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусобиқаи варзишии футболи хурд байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иштирок ва сухан намуд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки «7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Имрӯз тамоми шаҳрвандони варзишдӯсти мамлакат ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд».
Иқдоми раёсати донишгоҳ дар самти баргузор намудани ин мусобиқаи варзишӣ ҳамовозӣ ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бо «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






