35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара як қатор иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои хизматрасони ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Аз ҷумла дар ноҳия Шуъбаи таваллуд ва бемориҳои дили Беморхонаи марказӣ, майдончаи варзишии универсалии назди Беморхона, бинои сардхона барои 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сиёвуш – Ёқуб», Маркази саломатӣ ва бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ифтитоҳ гардиданд.
Дар расми ифтитоҳи ин иншоот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон




























Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






