Ҳайати муассисаи «Zhongta Education Technology»-и Чин ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 май ҳайати намояндагони муассисаи «Zhongta Education Technology»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз ташрифи намояндагони муассисаи «Zhongta Education Technology» ва ҳамкории пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаи «Zhongta Education Technology»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ, ташкили табодули академии донишҷӯёни донишгоҳ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳайати меҳмонон бо назардошти дар сохтори ташкилии идоракунии Донишгоҳ ҷой доштани муассисаҳои таълимии зинаҳои мухталифи таҳсилот оид ба ҳамкорӣ дар ин зинаҳо низ изҳори омодагӣ намуданд.
Меҳмонон бо раванди таълим дар ихтисоси забони чинии Донишгоҳ шинос гардида, ба сатҳу сифати омодасозии мутахассисон ва пойгоҳи мавҷуда дар ин самт баҳои баланд доданд.
Дар баробари ин, омодагии худро дар самти ҷалби омӯзгорони хориҷӣ барои ихтисоси забони чинӣ иброз намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ ҳамкорӣ намоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






