Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Тоҷикистон доир шуд

Май 14, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 14.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байнисоҳавии техникӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Ҷаласа бо дастгирии техникии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи Барномаи пешгирии пандемия, омодагӣ ва вокуниш ва ташаббуси ягонаи саломатӣ доир шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба хадамоти озмоишгоҳии соҳаи тандурустӣ ва Кумитаи амнияти озуқавории мамлакат, аз ҷумла дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, чорабиниҳои нақшавӣ, самтҳои афзалиятноки нақшаи стратегии рушди хадамоти озмоишгоҳӣ ва қадамҳои минбаъдаи он барои рушди соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина бояд гуфт, ки пандемияи COVID-19 ба хадамоти тандурустии давлатҳои ҷаҳон таъсир расонида, нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад набудани системаҳои озмоишгоҳии боэътимод метавонад барои ошкор, ташхис ва назорати бемориҳои сироятӣ монеа эҷод намояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Май 14, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид